Хадамоти матбуоти
22.04.2025 08:31:44
Санаи 21 апрели соли 2025 дар ҳошияи баргузории ҷаласаҳои баҳории Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо роҳбарияти ширкати байналмилалии машваратии Alvarez & Marsal баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои рақамикунонии идоракунии молияи давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии раванди буҷетӣ ва татбиқи қарорҳои муосир дар соҳаҳои маъмурикунонии андоз ва гумрук баррасӣ намуданд.
Роҳбарияти ширкати Alvarez & Marsal омодагии худро барои мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва пешниҳоди қарорҳое, ки ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, изҳор намуданд.
Бояд гуфт, ки Alvarez & Marsal ширкати машваратии байналмилалӣ буда, дар самтҳои беҳтарсозии фаъолияти ширкатҳо, идоракунии буҳронҳои молиявӣ, тандурустӣ, энергетика ва бахши давлатӣ фаъолият мекунад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки муколамаро идома дода, имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар самтҳои зикршуда баррасӣ намоянд.

Powered by Froala Editor
