Хадамоти матбуоти

16.05.2025 07:36:29
Санаи 14 майи соли 2025 дар шаҳри Лондон вохӯрии муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо роҳбарияти баландпояи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР), аз ҷумла бо Директори идоракунии Гурӯҳи инфрасохтори устувори БАТР Гарри Бойд-Карпентер ва бо роҳбарони Гурӯҳи идоракунии хавфҳои БАТР Фатумата Буаре ва Дэвид Коулман баргузор гардид.
       Дар рафти вохӯрӣ бо Директори идоракунии Гурӯҳи инфрасохтори устувори БАТР масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтори устувор баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои энергетикаи барқароршаванда, таъсиси нерӯгоҳҳои бузурги офтобӣ, истифодаи технологияҳои интеллектуалӣ дар шабакаҳои барқӣ ва рушди инфрасохтори обёрӣ зоҳир шуд. 
      Ҳамзамон, дар вохӯрӣ бо роҳбарони Гурӯҳи идоракунии хавфҳои БАТР масъалаҳои тақвияти ҳамкории тарафайн дар самти идоракунии хавфҳо ва беҳтар намудани хизматрасонии қарзию молиявии лоиҳаҳои мунисипалӣ, тақвияти назорат ва идоракунии молиявӣ, инчунин зарурати идомаи кумакҳои техникии БАТР барои баланд бардоштани иқтидори мақомоти маҳаллӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Powered by Froala Editor