Хадамоти матбуоти
18.06.2025 08:41:52
Санаи 17 июни соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ - хонум Татяна Проскурякова, баргузор гардид.
Мулоқот, ки дар заминаи анҷоми фаъолияти хонум Проскурякова дар вазифаи директори минтақавии Бонки мазкур сурат гирифт, Вазири молия барои дастгирии пайвастаи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар пешбурди ислоҳоти молиявӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва татбиқи лоиҳаҳои калидӣ изҳори сипос намуд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки хонум Татяна Проскурякова дар давраи фаъолияташ дар таҳкими ҳамкориҳои молиявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузошт. Бо роҳбарии ӯ, як қатор барномаҳои муҳими зерсохторӣ ва бахши иҷтимоӣ бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ гардиданд.

Powered by Froala Editor
