Хадамоти матбуоти

25.06.2025 09:56:18
       Санаи 23 июни соли 2025 дар қароргоҳи марказии Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (AIIB) дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори сармоягузории Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ муҳтарам Константин Лимитовский баргузор гардид. 
      Дар аснои мулоқот маросими баимзорасонии Созишномаи грантӣ ба маблағи 2,04 миллион доллари амрикоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва AIIB сурат гирифт.
      Созишномаи болозикрро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Директори сармоягузории AIIB муҳтарам Константин Лимитовский ба имзо расониданд.
     Гранти мазкур дар доираи механизми Project-Specific Window (PSW) ва бо маблағгузории Агентии ҳамкории байналмилалии рушди Чин (CIDCA) ҷудо гардида, барои дастгирии лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм–Нуробод равона шудааст. Он ҳамчунин фаъолиятҳои иҷтимоиро дар бар мегирад, аз ҷумла омӯзиши мутахассисон, таъсиси марказҳои омӯзишӣ барои занон ва барномаҳои соҳибкории ҷавонон дар минтақаҳои лоиҳа.
       Ин нахустин гранти расмии PSW барои Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ дар оянда таъкид намуданд.


                           

Powered by Froala Editor