Хадамоти матбуоти

01.07.2025 08:24:20
  Санаи 30 июни соли 2025 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар маросими ифтитоҳи 4-умин Конфронси сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор (FFD4), ки дар шаҳри Севилияи Испания таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иштирок намуд.
     Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Подшоҳи Испания муҳтарам Филиппи VI ифтитоҳ намуда, аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалиро ҷиҳати таъмини рушди фарогир ва устувор таъкид кард. Сипас, Котиби Генералии СММ Антонио Гутерриш дар суханронии худ масъалаҳои маблағгузорӣ барои рушд, инчунин таъсиси ҷойҳои нави кориро қайд намуда, Сарвазири Испания Педро Санчесро ҳамчун Президенти Конфронси 4-уми байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушди устувор эълон намуд.
     Дар чорабинии мазкур ҳамчунин Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ, Раиси Ассамблеяи Генералии СММ, роҳбарияти Хазинаи Байналмилалии Асъор ва роҳбарони як қатор ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
     Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби маблағгузории устувор ва татбиқи ҳадафҳои миллии рушди устувор мусоидат хоҳад кард.


         

Powered by Froala Editor