Хадамоти матбуоти
01.07.2025 08:26:07
Санаи 30 июни соли 2025 дар доираи баргузории 4-умин Конфронси сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор (FFD4) чорабинии молиявӣ таҳти унвони «Ҷалби сармоягузорӣ барои рушди устувор: мусоидат ба маблағгузории сабз ва инноватсионӣ» доир гардид, ки дар он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронии худ Қаҳҳорзода Ф.С., қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди сабз корҳои назаррасро анҷом дода, аз ташкилотҳои байналмилалӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт маблағгузории худро афзоиш диҳанд.
Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Комиссияҳои минтақавии СММ баргузор гардида, ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати мусоидат ба маблағгузории инноватсионӣ, ҷалби сармоя барои рушди сабз ва таҳкими ҳамгироӣ миёни давлатҳо ва бахши хусусӣ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад.
Powered by Froala Editor
