Хадамоти матбуоти

01.07.2025 10:08:27
Нимаи дуюми рӯзи 30 июни соли 2025 дар ҳошияи баргузории  4-умин Конфронси сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор (FFD4), ки дар шаҳри Севилияи Подшоҳии Испания ҷараён дорад, чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Гузариш ба энергияи сабз: Даҳсолаи амал дар кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором» доир гардид.
      Қобили қайд аст, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) баргузор гардида, дар кори он роҳбарони ниҳодҳои молия ва энергетикаи кишварҳои минтақа, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва сохторҳои дахлдори СММ иштирок намуданд. 
     Дар аснои чорабинӣ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор вобаста ба мавзӯи мавриди назар суханронӣ намуда, аз ҷумла, зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим ва рушди энергияи сабз корҳои назаррасро анҷом дода, айни ҳол 98 фоизи барқ дар кишвари мо аз манбаъҳои  барқароршавандаи тавлиди нерӯи сабз дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.
      Дар идомаи суханронӣ густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими робита бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои дастгирии лоиҳаҳои энергияи сабз муҳим арзёбӣ гардид.



Powered by Froala Editor