Хадамоти матбуоти
08.08.2025 16:23:29
Санаи 7 августи соли 2025 Шӯрои иҷроияи директорони Бонки Умумиҷаҳонӣ татбиқи Барномаи «Дастгирии сиёсати рушди устувор - Тоҷикистони рақобатпазир ва фарогир» (First Competitive and Inclusive Tajikistan Development Policy Operation – DPO)-ро, ки ба маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (IDA) ҳамчун грант маблағгузорӣ мешавад, тасдиқ кард.
Ин амалиёт ҷузъи муҳими ҳамкории стратегии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ буда, ҳадафи он дастгирии барномаҳои ислоҳотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти густариши рақобат дар иқтисод, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ, таҳкими бахши давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифат ва дастрасӣ ба хизматрасониҳо мебошад.
Амалиёт самтҳои афзалиятноки ислоҳотро, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян шудаанд, дастгирӣ намуда, ба ташаккули иқтисодиёти рақобатпазир, фарогир ва устувор мусоидат хоҳад кард.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии доимӣ ва ҳамкорӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, итминон дорад, ки татбиқи ин амалиёт қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ хоҳад буд.
Powered by Froala Editor
