Хадамоти матбуоти

25.08.2025 20:37:09
      Санаи 23 августи соли 2025 дар бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия  Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори генералии Фонди Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ баргузор гардид.
      Ҷонибҳо атрофи ҳамкориҳои дуҷониба, имкониятҳои тавсеа додани он, инчунин ҷалби Фонд дар татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятноки давлатӣ мубодилаи афкор намуданд.
      Дар аснои мулоқот маросими баимзорасонии Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Қатар оид ба рушд дар ҳаҷми 50,0 млн доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони НБО Роғун» сурат гирифт.
      Созишномаи болозикрро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Директори Генералии Фонди  Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ба имзо расониданд. 
      Ҳадафи лоиҳа ин саҳм гузоштан ба амнияти миллии энергетикӣ ва дастгирии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таъминоти нерӯи барқи барқароршаванда барои қонеъ кардани талаботи маҳаллӣ ва тавсеаи тавлиди нерӯи барқи дохилӣ ва минтақавӣ тавассути истеҳсоли энергия мебошад.


             

Powered by Froala Editor