Хадамоти матбуоти

16.09.2025 07:52:09
      
Санаи 15 сентябри соли 2025 мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Го Жиҷун баргузор гардид.
     Зимни мулоқот Вазири молия аз сатҳи баланди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки Чин яке аз шарикони асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 
     Ҷонибҳо ҳамкориҳои судмандро дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла савдо, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, рақамисозӣ ва рушди инфрасохтор муҳокима карданд.
     Илова бар ин, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо, ҷалби сармояи чинӣ ба бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикӣ, ки ба рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат менамоянд, таъкид намуданд.
     Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки робитаҳои иқтисодиву молиявии ду кишвар дар оянда низ рушд карда, заминаи устувор барои таҳкими шарикии ҳамаҷониба байни Тоҷикистон ва Чин фароҳам хоҳанд овард.



Powered by Froala Editor