Хадамоти матбуоти

16.09.2025 12:06:27


    Санаи 15 сентябри соли 2025 мулоқоти муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо Роберто Лонго директори кишварии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
     Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди мавҷударо дар доираи лоиҳаҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, аз ҷумла лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавии чорво», ки ба рушди деҳот, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии деҳот равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.  
     Илова бар ин ҷонибҳо ба зарурати тавсеа ва идомаи ҳамкориҳо, хусусан дар самтҳои баланд бардоштани дастрасии деҳқонон ба технологияҳои муосир, маблағгузории ҳадафманд барои рушди соҳибкорӣ дар деҳот ва густариши захираҳои обӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъкид карданд.



Powered by Froala Editor