Хадамоти матбуоти
17.09.2025 12:43:28
Санаи 16 сентябри соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Сафири навтаъйини Япония дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни масоили асосии ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба таҳкими робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония, бахусус дар заминаи ҳамкориҳои молиявию иқтисодӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд. Ҳамзамон, зарурати густариши ҳамкориҳои мустақим миёни вазоратҳои молияи ҳар ду кишвар таъкид гардид.
Ҳамчунин, имкониятҳои мавҷуда барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ, мусоидат ба рушди бахши хусусӣ ва беҳсозии иқтидорҳои молиявиро муҳокима карданд.
Дар анҷоми мулоқот Вазири молия омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо дастгирии Ҳукумати Япония изҳор намуд.

Powered by Froala Editor
