Хадамоти матбуоти

26.09.2025 07:40:01
Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 сентябри соли 2025 мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) барои минтақаҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ҷаноби Наоуфел Телаҳиг баргузор гардид.
     Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои пурсамари мавҷударо дар доираи лоиҳаҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавии чорво» ва лоиҳаи «Идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ» мавриди муҳокима қарор дода шуд. Лоиҳаҳои мазкур ба рушди деҳот, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот равона гардидаанд. 
      Илова бар ин, ҷонибҳо зарурати тавсеа ва идомаи ҳамкориҳоро, махсусан дар самтҳои баланд бардоштани дастрасии деҳқонон ба технологияҳои муосир, маблағгузории ҳадафманд барои рушди соҳибкорӣ дар деҳот ва густариши захираҳои обӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид карданд.



Powered by Froala Editor