Хадамоти матбуоти

29.09.2025 07:34:43
  Нимаи дуюми рӯзи 26 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва, дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Вазири молияи Федератсияи Россия Антон Силуанов баргузор гардид.
     Ҷонибҳо аҳамияти сатҳи баланди шарикӣ ва нақши Россия ҳамчун шарики стратегии Тоҷикистонро таъкид карда, зикр намуданд, ки гардиши савдо соли 2024 тақрибан 2 млрд доллари амрикоиро ташкил дод.
      Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда баргузор гардид, татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои молияи ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои муштарак баррасӣ шуд.     Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самти идоракунии рақамии молия, назорати қарзи давлатӣ, табодули таҷриба оид ба барориши коғазҳои қиматнок, аз ҷумла «сабз», дастгирии омодасозии лоиҳаҳо бо ҷалби институтҳои рушд ва коркарди механизмҳои нави маблағгузорӣ баён намуданд.



Powered by Froala Editor