Хадамоти матбуоти

07.10.2025 07:35:45
Санаи 6 октябри соли 2025 дар вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) Марк Бауман баргузор гардид. 
      Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо нақши БАТР дар рушди устувори иқтисодиёт, бахусус дастгирии инфрасохтор, энергетикаи «сабз» ва молияи бонкиро таъкид намуданд. Ҳамзамон, дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда (нерӯи офтобӣ) тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ, густариши «молияи сабз», беҳдошти хизматрасониҳои коммуналӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва пешбурди рақамикунонӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буд.
     Дар аснои мулоқот маросими баимзорасонии созишномаҳои грантӣ, қарзӣ ва кафолатӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Ёвон» ба маблағи 4,8 млн евро, аз ҷумла 2,4 млн евро қарз ва 2,4 млн евро грант, инчунин кумaки техникӣ ба маблағи 450 ҳазор евро ва лоиҳаи «Модернизатсияи низоми таъминоти гармидиҳии шаҳри Душанбе» ба маблағи 6 млн доллари амрикоӣ, аз ҷумла 3,0 млн доллар грант ва 3,0 млн доллар қарз ба имзо расонида шуданд.
       Мулоқот дар фазои созанда баргузор шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок бо истифодаи имкониятҳои молиявии бонк иброз доштанд.


                                                  

Powered by Froala Editor