Хадамоти матбуоти
17.10.2025 07:46:48
15 октябри соли 2025 мулоқоти муовини якуми вазири молия Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо намояндаи Nasdaq— яке аз бузургтарин биржаҳои электронии ҷаҳон Дмитрий Зелентсов, ки бо пуштибонии ширкатҳои инноватсионӣ ва технологӣ, инчунин бо ташаббусҳои фаъоли худ дар соҳаи маблағгузории устувор ва ESG (иқлимӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ) маъруф аст, баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои пешбурди маблағгузории сабз, таҳкими иқтидори ниҳодҳои давлатӣ дар самти устувории иқлимӣ ва иштироки Тоҷикистон дар платформаҳо ва механизмҳои байналмилалии савдои ихтиёрии қарзҳои карбон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Илова бар ин, аз ҷониби намояндаи Nasdaq платформаи Pure.earth, ки аввалин биржаи ихтиёрии ҷаҳон оид ба паст кардани миқдори гази карбон аз атмосфера (carbon removal) ба шумор меравад, муаррифӣ карда шуд.
Ҳамзамон, дар рафти мулоқот масъалаҳои ташкили омӯзишҳо ва сертификатсияи стандартҳои ESG барои кормандони Вазорати молия мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тадбирҳои мазкур барои рушди захираҳои кадрӣ, баланд бардоштани сифати ҳисоботдиҳӣ дар самти иқлим ва татбиқи принсипҳои рушди устувор дар идоракунии давлатӣ равона хоҳанд шуд.

Powered by Froala Editor
