Хадамоти матбуоти
17.10.2025 07:47:52
Санаи 15 октябри соли 2025 дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, бо иштироки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо Директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) Ҷиҳад Азур, баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуда, нақши дастгирии ХБА-ро дар татбиқи ислоҳот ва таҳкими устувории молиявӣ дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ карданд. Ҷониби Тоҷикистон ба ХБА барои мусоидати пайваста дар ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва муколамаи созанда изҳори сипос намуд.
Дар анҷом, ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо дарназардошти афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самтҳои идоракунии устувори молияи давлатӣ, молияи “сабз” ва иқлим, идоракунии қарзи давлатӣ ва ғайраро таъкид намуда, изҳори итминон карданд, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда ба татбиқи саривақтии ислоҳот ва лоиҳаҳои авлавиятнок мусоидат менамояд.
Powered by Froala Editor
