Хадамоти матбуоти

10.11.2025 10:28:41
Санаи 4 ноябри соли 2025 дар шаҳри Даҳваи Давлати Қатар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори генералии Бонки Қатарии Рушд (QDB), узви Шӯрои нозирони Фонди Қатар оид ба Рушд Абдулраҳмон Ҳешам Ал - Совадӣ баргузор гардид. 
     Ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки робитаҳои дӯстонa ва эътимодноки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ заминаи муҳим барои рушди ҳаматарафаи шарикӣ фароҳам овардаанд.
      Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Вазири молия дар навбати худ доир ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар  маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
      Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои инфрасохтор, саноат, маориф, тандурустӣ, рақамикунонӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
      Дар ҷавоб Директори Бонки Қатарии Рушд омодагиро барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикӣ ва ҳамчунин дастгирии дигар лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд. 
      Мулоқот дар фазои созанда баргузор гардида, ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо маблағгузории Бонк омодагии ҳамаҷониба баён намуданд.

 

       

Powered by Froala Editor