Хадамоти матбуоти
05.12.2025 11:17:24
Санаи 4 декабри соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти нерӯ» баргузор гардид.
Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон – Холгер Вифел ба имзо расонида шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки арзиши умумии созишномаҳои мазкур 43,0 млн евроро ташкил дода, аз он 28,0 млн евро маблағҳои қарзӣ ва 15,0 млн евро маблағҳои грантии Фонди сармоягузории Осиё-Уқёнуси Ороми Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Ҳадафи асосии лоиҳа мусоидат дар навсозии инфрасохтори ҳисобдорӣ ва насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд мебошад.
Powered by Froala Editor
