Хадамоти матбуоти
10.12.2025 14:30:15
Санаи 9 декабри соли 2025 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Конфронси молиявии рушд таҳти сарпарастии Шоҳзодаи Арабистони Саудӣ, инчунин Сарвазири ин кишвар Муҳаммад Бин Салмон Бин Абдулазиз Ал – Сауд баргузор гардид, ки дар кори он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор иштирок намуд.
Дар конфронси мазкур намояндагони воломақоми кишварҳо, роҳбарони як қатор ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки Исломии Рушд, фондҳои арабӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ширкатҳои бонуфузи байналмилалии тиҷоратӣ ва зиёда аз 120 коршиноси сатҳи байналмилалӣ иштирок доштанд.
Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур, ки зери унвони “Расидан ба ҳадафҳои рушд” баргузор гардид, тақвияти ҳамоҳангсозӣ ва ҳамгироӣ миёни фондҳои рушд, бонкҳо ва муассисаҳои байналмилалии молиявии рушд ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии экосистемаи рушд, тақвияти иқтидори кишварҳо барои қонеъ кардани афзалиятҳои миллӣ, мутобиқ кардани ҳадафҳо барои таъмини таъсири устувории рушд ба ҷомеа ва иқтисодиёт, ҳамзамон густариши ҳамкориҳо байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ҷиҳати таъмини ҳадафҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ мебошад.
Powered by Froala Editor
