Хадамоти матбуоти

11.12.2025 08:12:23
  Санаи 10 декабри соли 2025 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори Генералии Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон Ал - Маршад баргузор гардид.
          Дар оғози мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, вобаста ба ҳолати кунунии татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо маблағгузории Фонди Саудии Рушд амалӣ мегарданд, мубодилаи афкор сурат гирифт.
          Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки то имрӯз аз ҷониби Фонди болозикр лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 294 млн доллари амрикоӣ татбиқ гардида, айни замон 4 лоиҳа ба маблағи 210 млн доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
          Дар аснои мулоқот аз ҷониби Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва маориф маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
          Дар анҷоми мулоқот ҷониби Фонди Саудии Рушд ҷиҳати иштирок дар маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро баён намуд.


               

Powered by Froala Editor