Хадамоти матбуоти
17.12.2025 08:22:38
Санаи 15 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе муаррифии Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/Мудири кишварии Бонки Умумиҷаҳонӣ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ифтитоҳ намуда, саҳми Бонки Умимиҷаҳониро дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок баланд арзёбӣ карданд.
Сипас, Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 муаррифӣ гардида, дар он таваҷҷуҳи хоса ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаҳои энергетика, бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя, ҳамчунин ба таҳкими сармояи инсонӣ (маориф ва тандурустӣ) таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.
Дар аснои чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо мақсади расидан ба ҳафадҳои гузошташуда баён доштанд.
Ҳамзамон, миёни иштирокчиён вобаста ба мавзӯи мавриди назар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Powered by Froala Editor
