Хадамоти матбуоти
04.02.2026 14:24:17
Санаи 4 феврали соли 2026 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб маросими баимзорасонии Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Абу Дабӣ оид ба рушд баргузор гардид.
Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Директори генералии Фонди Абу Дабӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ ба имзо расониданд.
Қобили тазаккур аст, ки маблағи созишномаи мазкур 100,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, ҳадафи асосии он пешбурди корҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ дар Лоти 2-и лоиҳаи стратегии кишвар - Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад.

Powered by Froala Editor
