Хадамоти матбуоти
30.03.2026 07:56:28
Санаи 26 марти соли 2026 дар шаҳри Лондон мулоқоти Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо Ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд/Роҳбари Гурӯҳи идоракунии хавфҳои Бонки мазкур хонум Фатумата Буаре сурат гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими низоми азхудкунии маблағҳо ва назорати хавфҳо, беҳтар намудани ҳамоҳангӣ бо мақомоти татбиқкунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва тақвияти омодагӣ ба таъсири хавфҳои беруна мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, нимаи дуюми рӯзи 26 марти соли ҷорӣ мулоқоти Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо Директори идоракунандаи Гурӯҳи рушди инфрасохтори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Гарри Бойд-Карпентер баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика, аз ҷумла коҳиши талафоти неруи барқ, ҷорӣ намудани ҳисобкунакҳои ҳушманд, таҳкими устувории молиявии бахши энергетика, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва беҳтарсозии ҳамгироии шабакаҳои барқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин ба аҳамияти ҷалби бештари маблағгузории грантӣ ва омехтаи имтиёзнок барои рушди инфрасохтор, аз ҷумла, энергетика, об, хизматрасониҳои коммуналӣ ва зерсохторҳои ба иқлим мутобиқ таъкид намуд.
Powered by Froala Editor
