Хадамоти матбуоти

08.04.2026 17:14:09


Санаи 8 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ бо иштироки аъзои Шӯро ва роҳбарони воҳидҳои сохтории вазорат баргузор гардид. Ҷаласа таҳти роҳбарии раиси Шӯро, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор доир шуда, ба баррасӣ ва тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2024-2026 дар соли 2025 бахшида шуд. 

Зимни ҷаласа иштирокчиён ҷараёни амалисозии чорабиниҳои пешбинишуда, натиҷаҳои бадастомада ва масъалаҳои мубрами марбут ба идомаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатиро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамзамон, аъзои Шӯро ва иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба татбиқи қадамҳои минбаъда пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

Дар қисмати дигари рӯзномаи ҷаласа нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои нимсолаи дуюми соли 2026 ва нимсолаи якуми соли 2027 баррасӣ гардид. Ин масъала ҳамчун яке аз унсурҳои муҳим барои таъмини пайдарпайӣ ва ҳамоҳангии минбаъдаи чорабиниҳо дар самти ислоҳоти молияи давлатӣ арзёбӣ шуд. 

Баргузории чунин ҷаласаҳо барои таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, баррасии мунтазами пешрафти ислоҳот ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолият дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ аҳаммияти муҳим дорад. Инчунин, ҷаласа ҳамчун заминаи мусоид барои мубодилаи афкор, таҳкими ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои минбаъда дар самти татбиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамояд. 

Идомаи татбиқи пайгиронаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти идоракунии захираҳои давлатӣ ва тақвияти ҳамоҳангии институтсионалӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими афзалиятнок барои Вазорати молия боқӣ мемонанд. 





Powered by Froala Editor