Хадамоти матбуоти
15.04.2026 07:55:32
Дар ш.Вашингтони ИМА мулоқоти вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо директори амалиётии молиявӣ, рақобатпазирӣ ва инноватсияи Бонки Умумиҷаҳонӣ хонум Сесил Нианг баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди бахши молиявӣ, тавсеаи дастрасии бахши хусусӣ ба маблағгузорӣ, рушди бозори дохилии сармоя, рақамикунонии иқтисод ва беҳтар намудани фазои сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди назар изҳор намуданд.

Powered by Froala Editor
