Хадамоти матбуоти

16.04.2026 09:25:05
Худи ҳамон рӯз мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, инчунин Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо ноиби Президент ва котиби корпоративии Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ - Шерард Каупер-Коулз баргузор гардид.
     Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштаракро, махсусан дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтори иҷтимоӣ, мавриди муҳокима қарор дода, саҳми Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ дар маблағгузории лоиҳаҳои дорои аҳамияти стратегӣ, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», инчунин бунёду навсозии роҳҳо ва пулҳо, баланд арзёбӣ гардид.
     Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои нерӯи сабз, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи устувори захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои дарозмуддат барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими ҳамгироии минтақавии Тоҷикистон аҳаммияти махсус дорад.

Powered by Froala Editor