Хадамоти матбуоти

16.04.2026 09:27:22
Дар шаҳри Вашингтони ИМА мулоқоти вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо директори навтаъйини минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои рушди баробар, молия ва ниҳодҳо барои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ - Абебе Адугна баргузор гардид. 
     Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуда, ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика, нақлиёт, ҷалби дастгирии буҷет тавассути ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки дар стратегияи нави дуҷониба самтҳои калидӣ ба ҳисоб мераванд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок иброз доштанд.


Powered by Froala Editor