Хадамоти матбуоти

17.04.2026 13:55:05
  Дар ш.Вашингтони ИМА вохӯрии вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳти роҳбарии ноиби Президент-директори молиявии Корпоратсияи мазкур Ҷон Гандолфо баргузор гардид.
     Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуда, саҳми Корпоратсияи байналмилалии молиявиро дар рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоя, таъсиси бозорҳои нав ва пешбурди рушди устувори иқтисодӣ баланд арзёбӣ карданд.
     Дар рафти мулоқот ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт,  рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тавсеаи маблағгузорӣ дар бахши молиявӣ бо истифода аз воситаҳои маблағгузорӣ бо асъори миллӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, инчунин рушди маблағгузории «сабз», логистика ва инфрасохтори рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
    Иттилоъ дода шуд, ки моҳи майи соли равон ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоваранд.



Powered by Froala Editor