Хадамоти матбуоти
20.04.2026 08:37:12
Дар ш.Вашингтони ИМА мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо роҳбари бахши институтҳо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Умумиҷаҳонӣ Адриан Фоззард баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои пешбурди ислоҳот дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла такмили идоракунии молияи давлатӣ, ислоҳоти баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявии бахши давлатӣ, таҳкими шаффофият ва назорати фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, инчунин мутобиқсозии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ба талаботи ҷалби сармоя ва татбиқи босифати лоиҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Powered by Froala Editor
