Хадамоти матбуоти
21.04.2026 07:29:04
Санаи 18 апрели соли 2026 дар шаҳри Вашингтони ИМА ҷаласа таҳти унвони “Рӯзи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA)” бо иштироки роҳбарияти Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва намояндаҳои кишварҳои аъзои IDA баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми вазири молия - Маҷидӣ Юсуф Хайрулло муаррифӣ намуд.
Дар аснои ҷаласа масъалаҳои устувории молиявии кишварҳои камдаромад, татбиқи барномаи IDA-21 ва таъсири хатарҳои геосиёсӣ ба иқтисодиёт баррасӣ гардида, ҳамзамон миёни иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Powered by Froala Editor
