Хадамоти матбуоти

21.04.2026 07:32:17
     Аз 14 то 17 апрели соли ҷорӣ барои кормандони воҳидҳои сохтории вазорат ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор семинар оид ба омода намудани ҳуҷҷатҳои асосии буҷетӣ дар асоси «Дастурамал оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027-2029» (Марҳилаи 1) баргузор гардид.
     Ҳадафи асосии семинар фароҳам овардани имконият ҷиҳати шарҳи ҳамаҷонибаи дастурамали таҳияи буҷет (марҳилаи якум) ва кор бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳои марбут ба барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ буд.        
      Инчунин, семинар ба баланд бардоштани иқтидори кормандони соҳавии Вазорати молия ва вазоратҳои дахлдор дар идоракунии раванди таҳияи Барномаи миёнамуҳлати хараҷоти давлатӣ бо истифода аз унсурҳои нави банақшагирии буҷетӣ равона гардид.
      Семинар ба омӯзиши масъалаҳои муайян намудани ҳадафҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои самаранокии барномаҳои сиёсати буҷетӣ, инчунин тартиби таҳияи дархостҳои буҷетӣ ва ҳисобкунии хароҷоти заминавӣ  равона шуд.
      Рӯзи аввали чорабинӣ ба шиносоии умумӣ бо дастурамали таҳияи буҷет бахшида шуда, дар рӯзҳои 2–4 иштирокчиён ба 6 гурӯҳи корӣ ҷудо гардида, таҳти роҳбарии гурӯҳи коршиносон малакаҳои амалии таҳияи барномаҳои сиёсати буҷетиро такмил доданд. Корҳои гурӯҳӣ ба ҳамгироии банақшагирии стратегӣ бо раванди буҷет, инчунин мутобиқсозии сиёсати давлатӣ, стратегияҳои миллӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор ба сохтори барномаҳои буҷетӣ равона гардида буд.
     Дар чорабинии мазкур зиёда аз 50 кормандони воҳидҳои сохтории вазорат, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор фаъолона иштирок намуда, семинар қадами муҳим дар самти тақвияти идоракунии молияи давлатӣ ва гузариш ба буҷетикунонии барномавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.


                   

Powered by Froala Editor