Хадамоти матбуоти
22.04.2026 07:29:18
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2026, №2245 ба қисми 1 моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуда, тибқи он нисбат ба иштирокчиёни хариди давлатӣ талаботи иловагӣ пешбинӣ гардид.
Бахусус, дар асоси иловаҳои воридгардида иштирокчиёне, ки тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №154 ва Феҳристи аз ҷониби мақоми валокатдор батасвибрасида ҳамчун субъектҳои дорои манфиати умум эътироф мегарданд, уҳдадоранд ҳисоботи молиявии аудитшудаи худро дар маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ ҷойгир намоянд.
Маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ – низоми ягонаи итилоотиест, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор, яъне КВД «Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ» – и назди Вазорати молия роҳандозӣ гардида, ҷойгир намудани ҳисоботҳои молиявии аудитшудаи субъектҳои дорои манфиати умум дар он тавассути ташкили утоқҳои шахсӣ бо истифода аз низомҳои рақамии дар суроғаи www.dfo.tj фаъолбуда имконпазир мебошад.
Тафсилот вобаста ба ташкили утоқҳои шахсӣ ва тартиби ҷойгир намудани ҳисоботҳои молиявии аудитшуда дар маҳфуздорандаи ҳисоботҳои молиявӣ тариқи дастурҳои видеоӣ дар қисмати пайвандҳои муфиди сомонаи расмӣ - www.dfo.tj ҷойгирбуда, пешниҳод гардидааст.
Powered by Froala Editor
