Хадамоти матбуоти

26.05.2026 00:03:08


        Санаи 25 майи соли 2026 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – Марк Боуман баргузор гардид.

      Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои рушди устувор, инфрасохтор, энергетика, идоракунии молияи давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ табодули афкор намуданд.

     Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ иброз доштанд.

Powered by Froala Editor