Хадамоти матбуоти
13.12.2023 21:31:02
Санаи 8 декабри соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо муовини Президент ва раиси Созмони барнома ва буҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Довуд Манзур, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, доир гардид. Дар аснои мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, минҷумла оид ба масъалаҳои бонкдорӣ, ҷалби ширкатҳои эронӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар намуданд. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо баён доштанд.

Powered by Froala Editor
