Пресс служба

11.06.2024 16:45:58
Санаи 10 июни соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд – Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассер, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор гардид.
        Дар ҳошияи вохӯрӣ маросими баимзорасонии созишномаҳои қарзӣ, агентӣ ва чаҳорчӯбавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд барои маблағгузории идомаи татбиқи Лоти 4-и (иншоотҳои соҳили чап) лоиҳаи сохтмони НБО-и Роғун сурат гирифт.
      Созишномаҳои мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд – Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассер ба имзо расониданд.
     Дар асоси мувофиқаи бадастомада, амалигардонии Лоти 4 таҳти  роҳбарии Бонки Исломии Рушд ва саҳмгузории Гурӯҳи ҳамоҳангсози Араб, аз ҷумла Фонди Саудӣ, Фонди Кувайтӣ, Фонди ОПЭК ва Фонди Абу-Дабӣ ба роҳ монда мешавад.
     Саҳми Бонки Исломии Рушд маблағи 150 млн доллари амрикоиро ташкил дода, он аз қарзи имтиёзнок иборат мебошад.

           

Powered by Froala Editor