Пресс служба

11.06.2024 16:42:00
  Санаи 11 июни соли 2024 дар вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо мудири кулли Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) Фрэнк Рейсберман, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, доир гардид.
        Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи мавзӯъҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Институти ҷаҳонии рушди сабз мубодилаи афкор намуданд.

Powered by Froala Editor