Пресс служба

12.06.2024 7:47:55
Санаи 11 июни соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана, ки барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
       Дар аснои вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти баланд бардоштани иқтидор ҷиҳати рушди бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳа, инчунин табодули таҷрибаи амалӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкори судманд намуданд. 

         


Powered by Froala Editor