Пресс служба

14.06.2024 15:23:22
        Санаи 13 июни соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Алваро Ларио, ки барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
       Дар оғози вохӯрӣ Вазири молия Қаҳҳорзода Ф.С., аз сатҳи баланди ҳамкориҳо миёни Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки сармоягузории Фонди болозикр ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар таъсири назаррас дорад.
       Дар навбати худ, Алваро Ларио барои меҳмоннавозӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос карда, қайд намуд, ки тӯли 15 соли охир маблағгузории Фонд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 115 млн доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар натиҷа 127 ҳазор хонавода дар 17 шаҳру ноҳияи мамлакат бо дастгирии мухталиф фаро гирифта шудаанд.
       Зимнан, ҷонибҳо атрофи амалисозии Барномаи кишварии имкониятҳои стратегии Фонд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024, инчунин таҳияи барномаи нави ҳамкории дуҷониба барои давраи миёнамуҳлат дар самтҳои афзалиятдошта, аз қабили рушди кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии захираҳои табиӣ ва таҷдиди инфрасохтори деҳот, мубодилаи афкор намуданд.


    

Powered by Froala Editor