Пресс служба

26.06.2024 7:36:30
Нимаи дуюми рӯзи 25 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Венаи Австрия баъд аз ҷаласаи асосии Форум вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисоди Араб – Валид ал - Баҳар доир гардид. 
       Зимни вохӯрӣ ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла рафти татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи муштараки сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
       Инчунин, дар аснои вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ҷалби маблағи кумаки техникӣ барои омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои нави афзалиятноки кишвар ва доир ба ҳаммаблағгузории Фонд дар лоиҳаи сохтмони "НБО Роғун" (Лоти 4) ибрози андеша намуданд.
       Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои афзалиятнок омодагии худро изҳор намуданд.
     

                    

Powered by Froala Editor