Пресс служба

26.06.2024 7:55:54
  Санаи 24 июни соли 2024 дар ҳошияи баргузории Форуми рушди Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) дар қароргоҳи Фонди мазкур мулоқоти Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Президенти  Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт  (ОПЕК) оид ба рушди байналмилалӣ доктор -  Абдулҳамид Алхалифа сурат гирифт.
       Дар аснои мулоқот маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум  оид ба маблағгузории чаҳорчӯбавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои маблағгузории лоиҳаи “НБО Роғун (Лоти 4)” баргузор гардид.
       Ёддошти тафоҳуми мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Президенти Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт оид ба рушди байналмилалӣ - доктор Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расониданд.
        Форуми рушди Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) таҳти унвони "Пешбурди устуворӣ ва баробарӣ" аз 24 то 25 июни соли 2024 дар шаҳри Венаи Австрия баргузор мегардад.


Powered by Froala Editor