Пресс служба

26.06.2024 8:02:40
Санаи 25 июни соли 2024 зимни иштирок дар Форуми рушди Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК), ки таҳти унвони "Пешбурди устуворӣ ва баробарӣ"  дар шаҳри Венаи Австрия идома дорад, вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори генералии Фонди Абудабӣ оид ба Рушд – Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ баргузор гардид.
       Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, махсусан маблағгузории идомаи сохтмони иншооти стратегии кишвар - НБО Роғун (Лоти 4)” баррасӣ гардид.
       Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мавриди назар омодагии худро изҳор намуданд.


             

Powered by Froala Editor