Пресс служба

02.07.2024 13:40:23
Имрӯз дар маҷмааи Хуталон ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузор гардид.
       Ҷаласаи мазкур бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида,  ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи кишварҳои  узви электорат бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.
       Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, Роҳбарияти Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Умумиҷаҳонӣ, вазоратҳои молия ва бонкҳои марказии Конфедератсияи Швейтсария, Полша, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва ғайра иштирок намуданд.
      Ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Умумиҷаҳониро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ифтитоҳ намуда, сипас тибқи барномаи ҷаласаи мазкур роҳбарияти созмонҳои болозикр, инчунин намояндагони вазоратҳои молия ва бонкҳои марказии кишварҳои иштирокчӣ роҷеъ ба масъалаҳои мавриди назар баромад намуданд.
      Дар аснои ҷаласаи болозикр масъалаҳо  марбут ба вазъи иқтисодии давлатҳои аъзо, татбиқи сиёсати фискалию монитарӣ ва дигар масъалаҳои муҳими иқтисодӣ мавриди  баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.


            

Powered by Froala Editor