Пресс служба

03.07.2024 7:36:51
  Санаи 2 июли соли 2024 дар маҷмааи Хуталон дар ҳошияи ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Умумиҷаҳонӣ маросими баимзорасонии Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар бораи ҳамкорӣ дар доираи "Лоиҳа оид ба асосҳои рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид.
      Ёддошти мазкурро Вазири корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария - Игнасио Кассис, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва ноиби Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ – хонум Антонелла Бассанӣ ба имзо расониданд.


Powered by Froala Editor