Пресс служба

04.07.2024 12:36:00
  Санаи 3 –юми июли соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – хонум Айтен Рустамова   баргузор гардид.
      Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои татбиқи саривақтии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуда, оид ба ҷалби маблағҳои иловагӣ барои амалисозии лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мубодилаи афкор намуданд.


           

Powered by Froala Editor