Пресс служба

04.07.2024 13:13:17
  Нимаи дуюми рӯзи 3-юми июли соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо муовини Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор – ҷаноби Бо Лӣ, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Умумиҷаҳонӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
        Дар аснои вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ, дастгирии тавозуни пардохт, таъмини устувории захираҳои байналмилалӣ, инчунин густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт баррасӣ гардиданд.

   


Powered by Froala Editor