Пресс служба
18.12.2024 8:09:37
Нимаи якуми рӯзи 17 декабри соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷистон вохӯрии Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Намояндаи навтаъини Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон – ҷаноби Ко Сакамото баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Вазири молия – Қаҳҳорзода Ф.С., ҷаноби Ко Сакамоторо барои таъйин гардидан ба ҳайси Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон табрик намуда, аз сатҳи баланди ҳамкориҳо бо Бонки Осиёии Рушд изҳори миннатдорӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки чунин вазъи ҳамкорӣ идома дода шуда, ҷониби Вазорат омодааст ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки давлатӣ мусоидат намояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавзӯи нақшаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла стратегияи нав барои солҳои 2026-2030 мубодилаи афкор намуда, таклифҳо дар самти самаранок татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ манзур гардиданд.
Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Powered by Froala Editor
