Пресс служба
22.04.2025 8:20:13
Нимаи дуюми рӯзи 21 апрели соли 2025, дар шаҳри Вашингтон мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо роҳбарияти Шарикии глобалӣ барои таҳсилот (Global Partnership for Education – GPE) баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили густариши ҳамкорӣ дар самти маблағгузории бахши маориф, аз ҷумла маблағгузории фарогир, дастрас ва босифати таҳсилот, вусъат бахшидан ба таҳсилоти томактабӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани низоми омӯзиши рақамиро муҳокима намуданд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 инҷониб бо Шарикии глобалӣ барои таҳсилот ҳамкорӣ намуда, дар ин давра 12 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 86,8 миллион доллари ИМА маблағҳои грантӣ амалӣ гардидаанд. Ин лоиҳаҳо ба беҳтар намудани муҳити таҳсил, баланд бардоштани сатҳи саводнокии хонандагон ва устувории низоми таълим равона шудаанд.
Вазири молия ба роҳбарияти GPE барои ҳамкории судманд ва саҳми арзанда дар рушди низоми таҳсилоти Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии вазоратро барои таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф таъкид доштанд.

Powered by Froala Editor
