Пресс служба

22.04.2025 8:22:27
Санаи 21 апрели соли 2025 дар доираи ҷаласаҳои баҳории Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Вашингтони ИМА, мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори минтақавии бахши инфрасохтории Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Чарлз Кормэ сурат гирифт.
       Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ҷалби маблағгузории иловагӣ, татбиқи созишномаҳои молиявии мавҷуда ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи шарикони рушдро муҳокима намуданд.
      Ҷаноби Кормэ лоиҳаи НБО Роғунро ҳамчун як тарҳи муҳими минтақавӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ин нерӯгоҳ натанҳо ба коҳиши норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад, балки энергияи аз лиҳози экологӣ тозаро ба кишварҳои ҳамсоя содирот менамояд.
       Дар навбати худ Вазири молия ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста ва саҳми назаррас дар пешбурди лоиҳаи НБО Роғун изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии   вазоратро барои таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи самараноки созишномаҳои молиявӣ баён намуданд.




Powered by Froala Editor