Пресс служба

23.04.2025 8:19:12
 Санаи 22 апрели соли 2025 дар шаҳри Вашингтони ИМА, дар Дафтари Хазинаи Байналмилалии Асъор, мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо Муовини Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилаллии   Асъор (ХБА) ҷаноби Бо Ли баргузор гардид.
      Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами макроиқтисодӣ, идомаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ (PCI) ва дурнамои татбиқи минбаъдаи барномаҳои дастгирии техникӣ ва молиявиро баррасӣ намуданд.
      Зикр гардид, ки дар натиҷаи ислоҳоти пайваста, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2024-ум 8,4 фоиз рушд ёфта, таваррум дар сатҳи 3,6 фоиз нигоҳ дошта шуд.
      Инчунин, ҷонибҳо ҷараёни татбиқи тавсияҳои миссияи ХБА ва муваффақиятҳои бадастомадаро дар доираи барномаи мавҷуда муҳокима намуданд. Ҳамзамон, механизмҳои нави таъмини устувории корхонаҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
      Дар интиҳои мулоқот, ҷонибҳо ба зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти рушди идоракунии молияи давлатӣ, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ, пешниҳоди дастгирии техникӣ ва баррасии имконияти гузариш ба Барномаи нави молиявии ХБА-ро дар оянда таъкид намуданд.


                 

Powered by Froala Editor